БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ОМӮЗГОР ҒАФФОРОВ ХУШРӮЗ

Имрӯз дар синфхонаи кафедраи ташкили ҳамлу нақли факултети металлургия дарси кушоди омӯзгори ҷавон ва умедбахш ҳамин кафедра Ғаффоров Хушрӯз аз фанни “Асосҳои идоракунии воситаи нақлиёт ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳ” баргузор гардид.
Омӯзгори ҷавон дарсро дар мавзуи “Аломатҳои дастурдиҳанда”, оғоз бахшида ба донишҷӯён, мавзуро муфассал шарҳу тавзеҳ дод. Ҳамон гуна, ки маълум аст, донистани аломатҳои роҳ хеле муҳим ва як шарти ҳифзи саломатӣ низ мебошад. Дар вақти ҳаракат дар роҳ ҳар инсон бояд аломатҳоро донаду сарфаҳм равад ва ин як навъ фарҳанги ҳаракат дар роҳ аст.
Қайд кардан зарур аст, ки дар дарси кушоди омӯзгори ҷавон Ғаффоров Хушрӯз омӯзгорон, мудирони кафедраҳо ва намояндагони раёсати таълим ширкат намуданд.
Омӯзгорон ба ҷараёни дарсгузарӣ ва ташреҳи мавзуъ аз ҷониби омӯзгор, истифодаи маҳорати баланди дарсдиҳӣ, усули хоси шарҳдиҳии мавзуъ аз ҷониби омӯзгор Ғаффоров Хушрӯз баҳои баланд доданд.
Ёдовар мешавем, ки омӯзгорони кафедраи ташкили ҳамлу нақли факултети металлургия аксарияташон собиқаи корӣ дар ширкатҳои хусусиву давлатии соҳавӣ доранд, ки ин чиз барои донишомӯзии донишҷӯён, зудтар ҳазми мавзуъ мусоидат менамояд.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов