Баргузории дарси кушоди омӯзгор Яҳёзода Рафиқ аз фанни физика

Дар синфхонаи 234-уми кафедраи фанҳои табиӣ-илмии факултети корҳои кӯҳӣ дарси кушоди омӯзгори фаъол Яҳёзода Рафиқ аз фанни физика дар мавзуи “Ҷараёни тағйирёбанда” баргузор гардид.  Дар дарси кушоди Яҳёзода Рафиқ  муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот Юсупов Хуршед, омӯзгори кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ Сулейманова Назокат, омӯзгори кафедраи экология Ҳоҷиён Мирзошокир, омӯзгори кафедраи нафту газ  Ғуломҳайдарова Хурмо, мутахассиси раёсати таълим Таҳмина, омӯзгори кафедраи геология ва корҳои маркшейдерӣ Туйчиев Ғ., омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Сафарзода Муллоохун ва дигар омӯзгорон ширкат намуданд.

Дар ҷараёни тадрис аз ҷониби омӯзгор Яҳёзода Р. усулҳои фаъоли таълим истифода бурда шуд, ки дарсро хеле шавқовар намуд. Ба тарзи дарсгузарӣ ва ташреҳи мавзуъ аз ҷониби омӯзгор Яҳёзода Рафиқ баҳои баланд дода шуд.

Дар интиҳои дарс муовини аввали ректор Давлатзода Давлат суханронӣ намуда, ба тарзи дарсгузарии омӯзгор, истифода аз методҳои мухталиф ва шавқовар баҳои баланд дода, Яҳзода Рафиқро ҳамчун омӯзгори ботаҷриба ва собиқадор тависф намуда, ба ӯ баҳои баланд дода,  таҳсин хонд.

Шуъбаи иттилоот