БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ОМӮЗГОРИ ҶАВОН АШӮРОВ ХАЙРИДДИН

 
Имрӯз, дар озмоишгоҳи зеҳни сунъии кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъии факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав дарси кушоди омӯзгори ҷавон, олими ҷавон Ашӯров Хайриддин аз фанни “Асосҳои зеҳни сунъӣ” баргузор гардид.
Омӯзгори кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъии Донишкада номзади илмҳои техникӣ Ашӯров Хайриддин мавзуро ба донишҷӯён ташреҳ дода, ба донишҷӯён аз имкониятҳои нави зеҳни сунъӣ, қабули он дар ҷомеа, истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ дар истеҳсолот, ҷанбаҳои манфӣ ва мусбии истифода аз зеҳни сунъӣ сухан гуфт.
Дар ҷараёни баргузории дарс донишҷӯён ба суолҳои хеш аз омӯзгор посух гирифта, барои дарёфти маълумоти муфид изҳори хушҳолӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар дарси кушоди омӯзгор Ашӯров Хайриддин омӯзгорону мудирони кафедраҳои дигари факултетҳо низ ширкат намуда, ба ҷараёни дарсгузарӣ, ташреҳи мавзуъ ва усули хоси баргузории дарс, маҳорати баланди касбии Ашӯров Х. баҳои баланд доданд.
Қайд намудан зарур аст, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон омӯзгорони варзида, дорои таҷрибаву малакаи баланди касбӣ аз зеҳни сунъӣ дарс мегӯянд. 90 фисади омӯзгорони соҳаи зеҳни сунъӣ аз такмили ихтисос дар кишварҳои Федератсияи Русия, Корея, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Норвегия гузаштаанд.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов