Пас аз баргузории машғулиятҳои таълимӣ ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирии ҷавонон аз амалҳои нохуб ва рафтори ношоиста, фаҳмондани зарару зиёнҳои одоти ношоиставу хатарнок, амалҳои манфӣ ва зарари тамоку ва маҳсулоти зиёновари табак омӯзгорони кафедраи экологияи факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав зери роҳбарии мудири кафедраи экологияи Ҳоҷибоев Далер дар хобгоҳи рақами яки Донишкада аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Нашъамандӣ—вабои аср” баргузор намуданд.
Зимни баргузории аксияи тарғиботӣ омӯзгорони кафедраи мазкур Назарова Маҳина ва дигарон ба донишҷӯён зарару зиёни нашъамандӣ ва одатҳои бадро фаҳмонида, варақаҳои иттилоотӣ бо фарогирии маълумоти муфид тақсим намуданд.
Ба донишҷӯён роҳҳои пешгирӣ аз нашъамандӣ, роҳҳои халосӣ аз ин вабо ва ҳифзи саломатӣ фаҳмонида шуд.
Шуъбаи иттилоот


