Имрӯз дар факултети металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аксия таҳти унвони “Пешвои мо-ифтихори мо” баргузор карда шуд.
Донишҷӯёни ватандӯст ва фаъол бо бабар намудани либосҳои идона ва дорои навиштаҷоти “Пешвои мо-ифтихори мо”! ба омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён нишони сарисинагӣ бо навиштаҷоти “Пешвои мо—ифтихори мо!”, тақдим намуда, ба ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва донишҷӯён Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик гуфтанд.

