АЁДАТИ ПРОФЕССОРИ СОБИҚАДОРИ ДОНИШКАДА ОЛИМОВ АБДУМАЛИК

Имрӯз ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Мирбобоев Шӯҳратҷон, омӯзгори кафедраи корҳои нафту газ Ашӯров Маҳмудбой устоди фаъоли Донишкада, профессор Олимов Абдумаликро аёдат намуданд.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ зимни суҳбат аз ҳолу аҳволи профессор Олимов Абдумалик пурсон шуда, иброз дошт, ки мо ҳамеша хидматҳои шуморо қадр менамоем ва чӣ хидмате бошад, чӣ зарурате бошад, мусоидат менамоем.
Профессор Олимов Абдумалик ба ректори Донишкада ва ҳамроҳон изҳори сипосмандӣ намуда, қайд намуд, ки пас аз ба анҷом расидани кори табобат ҳатман ба таълиму тарбияи насли ҷавон идома хоҳад дод.
Қайд намудан зарур аст, ки профессор Олимов Абдумалик аз мутахассисони варзидаи соҳаи саноат буда, таҷрибаи бойи касбӣ доранд ва чандин сол аст, ки дар таълиму тарбияи насли ҷавон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон машғул ҳастанд. Профессор Олимов Абдумалик яке аз инсонҳои поквиҷдон ва масъулиятшинос буда, шогирдони зиёдеро тарбия намудаанд, ки имрӯз ҳамчун мутахассиси варзида дар дохили кишвар берун аз он аз ҷумла давлатҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Белорусия ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар маснадҳои баланд кору фаъолият менамоянд.
Профессор Олимов Абдумалик ҳамчун омӯзгори асил барои рушди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро гузоштааст.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов