АСОЛАТИ ЗАН-МОДАР ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГ АСТ

Дар ҳама давру замон зан-модар нафарест, ки дар пешрафту шукуфоӣ ва тараққиёти мамлакат саҳми арзанда мегузорад. Мо дар симои зани Тоҷикистони соҳибистиқлол нафареро мебинем, ки ў дар баробари масъулияти сангини модарӣ доштан дар соҳаҳои мухталифи кишвар барои рушди сарзамини худ содиқона фаъолият мекунад. Зан аслан тавъам бо баҳор аст, ки зебоӣ ва меҳрубонӣ аз ў таҷассум меёбад.
Замони соҳибистиқлолии Тоҷикистонро метавон яке аз даврони тиллоии худшиносӣ, соҳибмаърифатӣ ва пешрафти занони тоҷик унвон кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои бузурги занон ва модарони арҷмандро дар пойдор нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ ва тарбияи хуби фарзандон муҳим арзёбӣ мекунанд.
Даврони соҳибистиқлолии мамлакат имкон фароҳам овард, ки шумораи бештари занон дар соҳаи маориф ва тиб ба назар мерасад. Чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии худ зикр намудаанд: “Нақши зан – модари тоҷик дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату соҳибкасб, рушди маънавии оила ва ҷомеа, инчунин, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ободиву пешрафти давлати тоҷикон бисёр арзишманд мебошад”.
Хизмати зан-модар дар тарбия ва соҳибхирад ба воя расидани фарзандон хеле муҳим шуморида мешавад. Зеро модар аст, ки нахуст каломро ба фарзанд муомӯзонад, маҳз модар аст, кӯшиш мекунад фарзандаш тавоно ба воя расад.
Имрўз метавон хизматҳои занон ва модаронро ба ҳайси аъзои Ҳукумат, вакилони мақоми олии қонунгузор, роҳбарони сохторҳои давлатӣ, соҳаи бонкдорӣ ва соҳибкорони муваффақ муҳим арзёбӣ кард, ин гувоҳӣ он аст, ки сиёсати кунунии мамлакат дар самти дастгирии занон самараҳои некро ба бор оварда истодааст.
Фаъолияти зиёда аз 750 нафар занону бонувон дар маҷлисҳои маҳалли ва вакили Маҷлиси намояндагон аз он дарак медиҳад, ки занон имрўз дар қабулу баррасии қонунгузории мамлакат саҳми босазо гузошта истодаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 амали худро ёфта истодааст, ки имрўз хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон ба 30% ва шумораи кадрҳои роҳбарикунанда ба 25% расонида шудааст.
Тибқи маълумотҳои расмӣ дар давоми солҳои 2020-2024 бо дастгирии Ҳукумати мамлакат хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 121 нафар бонувону занони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардидаанд. Ин ҳам аз боварии роҳбари давлат нисбат ба занони соҳибхиради мамлакат мебошад.
Ҳарчанд фаъолият ҳамчун хизматчии давлатӣ барои занон масъулият ва фидокориҳои зиёдро талаб мекунад, новобаста аз ин имрўз 25% занони ҷасуру диловари кишвар дар ин самт фаъолияти пурсамар доранд.
Соҳаи маорифи мамлакат хеле соҳаи пуршараф ва масъулиятталаб мебошад. Модарон, ки тарбиятгар ва омўзгори асиланд, 73% занон дар ин соҳа, 71% дар соҳаи тиб, 47% дар соҳаи фарҳанг, 30% дар соҳаи илм ва 30% дар соҳаи соҳибкорӣ фаъолияти босамар доранд.
Занони шуҷои мамлакат дар пешрафт ва низоми иқтисодии мамлакат низ саҳми босазои худро мегузоранд. Дар сохторҳои бонкии Тоҷикистон имрўзҳо 8,5 ҳазор нафар занон фаъолияти пурсамар доранд, ки дар қиёс бо шумораи умумии кормандони бонк 41%-ро ташкил медиҳад.
Дар рушди соҳибкории кишвар низ хизматҳои занони мамлакат шоистаи таҳсин мебошад. Дар давоми даҳсоли охир аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ватанӣ барои дастгирии соҳибкории занон аз 27 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки ин ба рушди соҳибкории занон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ мусоидат хоҳад кард. Имрўзҳои дар роҳбарии хоҷагиҳои деҳқонии мамлакат аз 180 ҳазор нафари онҳо 53 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ки аз фаъолнокии занон шаҳодатгар аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ҳунаромўзӣ ва саводнок гардидани занон тавсияҳои судманд медиҳанд, ки ин далели ғамхории Пешвои миллат ба ояндаи мамлакат мебошад. Зеро зан агар соҳибҳунар ва соҳибхирад гардид, албатта дар тарбияи фарзандони хирадварзу ҳунарманд саҳми арзанда хоҳад гузошт. Ин аст, ки соли 2024 барои фаъолияти соҳибкории занон 24 миллион сомонӣ ҷудо гардида буд. Соли 2025 бо мақсади бештар ба шуғл фаро гирифтан ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи онҳо грантҳои президентӣ ба 15 миллион сомонӣ расонида шуд.
Сиёсатмадори машҳури олам Маҳатма Гандӣ зикр кардааст, ки “Ҷойгоҳи занон танҳо дар хона нест. Вай метавонад ҷаҳонро тағйир диҳад”. Ин аст, ки саҳми босазо гузоштани занону духтарони мамлакат дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳукумати мамлакат барои ба таҳсил фаро гирифтан ва бештар ҷалб намудани онҳо ба илму хирад тадбирҳои судманд меандешад. Дар 42 мамлакати дунё 42 ҳазору 315 нафар ҷавонони фаъоли Тоҷикистон имрўзҳо таҳсил доранд, ки беш аз 13 ҳазор нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, ки ҳам далели дастгирии занони мамлакат мебошад.
Пўшида нест, ки дар замони пеш аз истиқлолият ҳарчанд сафи занони донишманд кам набуд, аммо шароиту имконоти таҳсил барои занону духтарон даст намедод. Дар соли 1989 агар дар Тоҷикистон ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд, дар замони соҳибистиқлолии кишвар 256 ҳазор нафар духтарон соҳиби маълумоти олӣ шуданд, ки ин ҳам далели худогоҳии занону модарон аст.
Таъмини квотаи президентӣ як василаи муҳими дастгирии занону бонувон барои таҳсил мебошад. Дар замони таъсиси квотаи президентӣ 14 ҳазор нафар духтарони боистеъдоди ноҳияҳои дурдасти мамлакат соҳиби маълумот гардидаву барои пешрафти мамлакати худ саҳми босазо гузошта истодаанд.
Дар баробари гирифтани маълумот доштани ягон касбу ҳунар махсусан дўзандагиву пазандагӣ барои зан хеле муҳим шуморида мешавад, зеро пойдорӣ ва саодати оила ба зани ҳунарманду порсо хеле вобастагии қавӣ дорад. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон 680 ҳазор нафар духтарону занон зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм намуда, соҳиби касбу ҳунар шудаанд.
Тибқи маълумотҳое,ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар пешниҳод шудаанд, солҳои 2024-2025 аз барандаи стипендияи президентӣ гардидаҳо 62 фоизашро духтарон ташкил медиҳанд, ки боз ҳам аз хирадмандии бонувони мамлакат шаҳодатгар аст.
Замони соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам овард, ки сафи занони ихтироъкору навовар низ бештар шавад. Шумораи занони ихтироъкори мамлакат дар панҷ соли охир ба 210 нафар расида, 5 нафар бо ихтироъи худ сазовори шоҳҷоизаи байналмилалӣ ва метали тилло, 10 нафар медали нуқра ва 1 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардидаанд.
Дар чорабиниҳо ва сабқатҳои бузурги байналмилалии варзишӣ низ духтарону занони тоҷик дастовардҳои назаррасро соҳиб мешаванд, ки ин ҳам далели қадам ба қадам пеш рафтани занонро ифодагар мебошад.
Заҳматҳое, ки модар барои саломат будан ва босаодат зистани фарзанд мекашад, ҳеҷ гоҳ фаромўш нахоҳад шуд.
ОСИМИ ОҚИЛ номзади илмҳои техникӣ, дотсент.
сардори раёсати таълими ДКМТ