ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мактаби бузурги мардонагӣ, матонату шуҷоат ва кафолати зиндагии орому осудаи халқ таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтори муташаккилу муҷаҳҳаз табдил ёфтааст, ки дар ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он нақши бузургу созанда дорад.
— Барои ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон таъсиси Артиши миллӣ осон набуд ва аз ҳама муҳим, базаи моддиву техникӣ талаб менамуд. Дар фурсати кӯтоҳ ташкил намудани он кори саҳл набуд ва барои ин вақт зарур буд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллиро таъсис доданд ва 23 феврал аввалин гузашти ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Имрӯз мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватанамон мебошад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан зодаи даврони истиқлол буда, дар муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ таъсис ва рушду такомул ёфтааст.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки 23 феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллӣ доир шуд ва афсарону сарбозони содиқу ватандӯст, ҷавонмардоне, ки ба хотири истиқрори сулҳ ва қатъи хунрезӣ сина сипар карда буданд, бо ифтихору эҳсоси баланди миллӣ аз он гузаштанд.
Таъсиси Артиши миллӣ бо иродаи қавӣ, матонат, хирадмандию ватандӯстии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро гардид, ки ин кори наҷиб ва барои давлату миллати тоҷик хеле зарурӣ маҳсуб мешуд. Ва феълан метавон гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба яке аз артишҳои неруманди минтақа табдил ёфта, вазифаи бузурги хешро ба сомон мерасонад. Ва ин мактаби мардонагию шуҷоат аст, ки дар саргаҳи таъсиси он, дар саргаҳи шаклгирии мактаби миллии ҳарбӣ Сарвари хирадманди мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд.
Албатта, ин мактаб метавонад барои тарбия намудани насли ватандӯсту худогоҳу хештаншинос, содиқу баномус ва шуҷою далер саҳм гузорад ва дар шаклгирии тафаккури ватандӯстонаи насли ҷавон таъсири амиқ гузорад. Аз Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҷомеа умеди калон дорад ва ҳамеша дар ҳамкорию ҳамгироии муштарак қарор дорад. Таъмин намудани сулҳу субот дар ҷумҳурӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ин ниҳод мебошад ва ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсис вазифаҳои муқаддасу пуршараф – ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд».
Роҳбари давлат дар иртибот ба вазъи ноороми минтақа таъкид намуданд, ки мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон ба даст овардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон омода бошем.
Презеденти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар суханрониашон таъкид намуданд, ки «Қувваҳои Мусаллаҳ, яъне тамоми ҷузъу томҳои ҳарбӣ, инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ барои пешгирӣ кардан ва муқовимат ба таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ омодабошии ҷангии худро бояд дар сатҳи баландтарин таъмин намоянд ва дар ин самт тадбирҳои иловагии фаврӣ ва қатъӣ андешанд.
Вазифаи аввалиндараҷаи мо дар вазъияти мураккаби баамаломада, пеш аз ҳама, таъмин кардани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ ва сафарбар намудани тамоми имконият ба ин самт мебошад. Мо боварии қатъӣ дорем, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ, яъне марзбонони далеру шуҷои мо минбаъд низ аз уҳдаи иҷрои вазифаи муқаддаси худ, яъне ҳифзи боэътимоди марзҳои мамлакатамон бо сарбаландӣ мебароянд».
Воқеан ҳам ҳимояи соҳибихтиёрию бахтиёрии миллат аз фаъолияту талошҳои хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан афсарону сарбозон сахт вобастагӣ дорад ва иҷрои ин амри зарурӣ рисолати муқаддас дар роҳи давлатдорию ватандӯстӣ мебошад.
Мо хуб огоҳӣ дорем, ки бо чӣ мушкилию талошҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ таъсис доданд ва барои пойдориву сулҳу суботи ҷумҳурӣ чи хидматҳои бузурге анҷом доданд. Ва ин хидматҳоро танҳо давлатмардони шуҷоъ анҷом медиҳанд ва ҳамин аст, ки имрӯз Пешвои миллати мо маҳбуби тамоми тоҷикони олам гардидаанду эҳтироми баландро соҳибанд. Доир ба ташкили Артиши миллӣ ва ҳамчунин талошу кӯшишҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди давлати навини тоҷикон ва саодати ҳамешагии миллат собиқ фармондеҳи дивизияи 201-уми Федератсияи Русия Виктор Тимофеев дар ёддоштҳои худ чунин навиштааст: «Эмомалӣ Раҳмон ифтихори шумост, бояд фахр намоед, ки тоҷикед ва чунин Пешво доред. Ояндаи Тоҷикистон дурахшонтар аст. Ватанро дӯст доред ва ба қимати ҷони худ онро ҳимоя кунед».
Ин ҳарфҳо ишора бар он менамоянд, ки ҷаҳониён хидматҳои бузурги Пешвои миллатро дидаву баҳои баланд медиҳанд ва мо тоҷикистониён бояд ба қадри ин ҳама бирасем ва шукргузор бошем, ки дар давраи мушкили геосиёсӣ соҳиби давлати миллӣ гардидем ва ин ҳам ба шарофати талошҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Имрӯз бе муболиға метавон гуфт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори мактаби миллии низомии мамлакат мебошад. Афсарону сарбозони Тоҷикистон аллакай дорои мактаби хосса ҳастанд. Дар робита ба ин Роҳбари давлат чунин ишора намудаанд: «Боварӣ дорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандиашонро дар назди Ватан — Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо менамоянд».
Воқеан ҳам ин боварӣ ва ин умеди Пешвои миллат аз натиҷаи фаъолияти пурсамари сарбозону афсарони Артиши миллӣ дарак медиҳад ва ҳар тоҷикистонӣ низ ба сарбозони Артиш чунин боварию эътимод дорад, бо боварӣ сар ба болин мемонад, ки Ватанро афсарони ватандӯсту далеру шуҷоатманд дифоъ менамоянд. Гуфтан зарур аст, ки мардуми Тоҷикистон бо сарбаландӣ ва саодати комил аз суботу осоиштагии мамлакат меболанд, ки дар ин ҷода хизмати сарбозони далери Ватан ва афсарони шуҷои Артиши миллӣ басе бузург мебошад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Артиши миллӣ ва хизмати бузургу нақши он дар таъмини суботи ҷумҳурӣ чунин нигоштаанд: «Мо ба шарофати истиқлолият соҳиби Артиши миллӣ шудем. Шукронаи онро мекунем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи худро бунёд карда тавонистем. Вале ин ҳанӯз кам аст. Дар назди неруҳои низомии мо корҳои бисёре истодаанд. Мо мехоҳем, ки низомиёни мо чун падару бобоёни худ бо халқ ҳамдилу ҳамнафас бошанд, аз ҷониби шаҳрвандон чун ҳимоятгари Ватан пазируфта шаванд. Аз ин рӯ, ҳар афсару сарбозро зарур аст, ки беҳтарин анъанаҳои ҳарбиро ривоҷ диҳад, аз интизоми намунавӣ, матонат ва садоқати ба халқу Ватан доштаи наслҳои гузашта сабақ гирад».
Бале, таърихи гузаштаи миллати сарбаланди тоҷик нишон медиҳад, ки гузаштагони пурифтихорамон аз маҳорати баланди ҳарбӣ бархӯрдор буданд ва тамрини доимиву обутоб ёфтан дар ҳар гуна шароитро барои дифоъ аз Ватан кори рӯзмарраи хеш меҳисобиданд.
Ватандӯстӣ ва садоқат ба миллат барои ҳар фарзанди мамлакат бояд шиори аслӣ бошад, чунки танҳо фарзандони ватандӯст ва садоқатманд ба арзишҳои олии инсонӣ ва нигоҳдорандаи оини ватандӯстӣ метавонанд дар лаҳзаҳои душвор ҷон ба каф гирифта, аз марзу буми хеш дифоъ намоянду рисолати инсониву сарбозии худро ба анҷом бирасонанд. Дифоъ аз номуси миллӣ дифои муқаддас ҳисобида мешавад. Анҷом додани хидмати сарбозӣ гузаштан аз мактаби мардонагию маҳорати низомӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Беларус дар робита ба заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди Тоҷикистон ва сулҳу оштӣ дар ҷумҳурӣ чунин ибрози назар намудааст: «Тоҷикони шуҷоъ ва заҳматкаш, боистеъдод ва меҳмоннавоз аз Президенти худ Эмомалӣ Раҳмон ифтихор менамоянд. Сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи ин инсон бори дигар таъкид менамоям, ки ҷумҳуриро ҳифз намуд, сулҳу оромиро ба ин сарзамин овард. Ва ба ин на танҳо шумо арҷ мегузоред. Мо ҳама – дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — ба ин кори наҷиб арҷ мегузорем. Зеро сулҳ ва оромӣ дар ин замин — ин сулҳу оромӣ дар Беларус, дар Русия ва дар дигар давлатҳо мебошад».
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дар бобати омодасозӣ ва ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷалб намудани шумораи бештари ҷавонон, дар қалби онҳо ҷой додани ҳисси баланди масъулият ва дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия намудани афсарони оянда корҳои зиёди тарғиботию ташвиқотиро анҷом диҳанд. Дар тарбияи ҳарбӣ — ватандӯстии ҷавонон ҳамчунин омӯзгорони фаннӣ омодагиҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мавқеи махсус доранд.
Дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои маънавию фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии давлат табдил ёфтааст. Дар ин раванд «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ҳамчун сутуни устувори таърих ва фарҳанги миллӣ мавқеи хос дорад. «Шоҳнома» китоби одии достонҳо нест, балки оинаи пурраи таърихи қадим, афкори иҷтимоӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва ҷаҳонбинии мардум мебошад. Дар ин асар идеяҳои ватандӯстӣ, адолат, ростқавлӣ, шуҷоат, инсондӯстӣ ва мубориза бо зулм бо қувваи баланд таҷассум ёфтаанд. Қаҳрамононе, чун Рустам, Сиёвуш, Фаридун, Кайхусрав ва дигарон намунаи мардонагӣ, поктинатӣ ва фидокорӣ мебошанд.
Фирдавсӣ инсонро, пеш аз ҳама, ба ҳифзи Ватан даъват мекунад:
Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,
Ҷавонони шоистаи корзор.
Зи баҳру бару буми фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш,
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Имрӯз моро зарур аст, ки дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ва хатарҳои афзояндаи терроризму экстремизм ба давлатҳо бо ташвиш сухан намуда, дар чунин шароит ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромию суботи ҷомеаро аз вазифаҳои муҳиму муқаддаси сохторҳои низомӣ ва ҳар шаҳрванд ҳисобиданд, иҷро намоем.
Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, профессор
