Имрӯз, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати мубориза бар зидди амалҳои номатлуб, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва мубориза бар зидди савдои одамон ҷаласа баргузор намуд. Дар ҷаласа муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Муминова Дилором, сардори раёсати таълим Осими Оқил ва деканҳову котибони комиссияҳои ҷамъиятӣ ширкат намуданд.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати бурдани мубориза бар зидди амалҳои номатлуб, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва мубориза бар зидди савдои одамон, ҳамкорӣ бо мақомоти назорати қонун, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, гузаронидани семинару машваратҳои машваратӣ ва маърифатӣ, ҷоннок намудани кори комиссияҳои ҷамъиятӣ, нашри маълумотнома ва маводи огоҳкунанда сухан ронда, таъкид намуд, ки мо бояд барои аз байн бурдани ҷаҳлу ҷаҳолат, амалҳои нангини хурофотпарастӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва савдои ғайриқонунии одамон мубориза барем. Ҳама гуна амали ғайриқонунӣ ин хиёнат бар ҷамъият ва зарар бар миллат мебошад.
Мавсуф таъкид намуд, ки котибони комиссияҳои ҷамъиятӣ бояд бисёр ҳам дар сатҳи баланд корбарӣ намоянд ва аз натиҷааш ба мақомот иттилоъ бидиҳанд. Вазифаи мо бо тарғиби илму маърифат пешгирии ҷаҳолат ва бедонишӣ мебошад.
Таъкид карда шуд, ки ҳар моҳ ду маротиба аз кори комиссияҳои ҷамъиятӣ ба раёсат ҳисобот пешниҳод карда шавад.
Шуъбаи иттилоот
