Фаъолияти Шурои илмию методӣ бо манзури татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, Оинномаи Донишкада, қарори Шурои олимон ва фармоишу дастурҳои ректори Донишкада ва барои тадриҷан беҳтар кардани сифати таълим, такмили маҳорати касбии омӯзгорон, ҷустуҷӯйи роҳҳо ва усулҳои пешқадами таълим, ҳамзамон, истифодаи технологияи инноватсионӣ дар ҷараёни таълим ба роҳ монда шудааст.
Вазифа ва салоҳиятҳои Шурои илмию методии Донишкада аз инҳо иборат аст: муайян сохтани дурнамо ва самтҳои фаъолияти ҷории таълимию методии Донишкада; ҳамоҳангсозии фаъолияти таълимию методии омӯзгорону кормандони факултетҳо, кафедраҳо ва сохторҳои таркибии Донишкада дар самти таҳияю такмили лоиҳаи нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо, дастурҳои таълимӣ-методӣ, тавсияҳои методӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, коркарди меъёри баҳодиҳӣ ба дониши донишҷуён; таҳияи тавсияҳои боэътимоди илмӣ доир ба масъалаҳои ташкил ва такмили корҳои таълимию методӣ аз рӯйи равияҳо, ихтисосҳо ва тахассусҳои роиҷи донишкадавӣ; таҳия ва таъмини тавсияҳои методӣ оид ба мураттаб сохтани ҳуҷҷатҳои меъёрии донишкадавӣ роҷеъ ба корҳои таълимию методӣ (лоиҳаи талаботи ҳадди ақалли мазмуну мундариҷаи Стандартҳои давлатии таълимии маълумоти олии касбӣ, лоиҳаи нақшаҳои корӣ, намунавӣ ва таҷрибавии таълимӣ, таҳияи барномаҳои таълимии фаннӣ (силлабусҳо, маҷмӯи саволу ҷавобҳои тестӣ (санҷишӣ), саволу ҷавобҳои рейтингӣ), таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳисоби воҳиди штатҳо ва тақсими сарбориҳои таълимии омӯзгорон, низомномаҳо ва дастуруламалҳои донишкадавӣ); ширкат дар таҳияи тавсияҳо оид ба такмили таснифоти ҷумҳуриявии ихтисосҳо, равияи ихтисосҳо ва тахассусҳое, ки аз рӯйи онҳо мутахассисони дорои таҳсилоти олии донишкадавӣ омода карда мешаванд; таъмини таҳияҳои илмию методӣ ҷиҳати татбиқи технологияи инноватсионӣ дар раванди таълим ҷиҳати мутобиқ намудани ҷараёни таълими донишкадавӣ ба фазои умумиҷаҳонии таҳсилот (низоми таҳсилоти кредитӣ, усули фосилавии таълим, истифодаи технологияи компютерӣ ва Интернет дар ҷараёни таълим, шиносоӣ бо нанотехнология ва дигар воситаҳои иттилоотӣ-иртиботӣ); таҳлилу натиҷагирии сатҳи донишазбаркунии донишҷӯён, таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба мониторинг ва назорати сифати таълим ва аттестатсияи донишҷӯён; таҳлили натиҷаи корҳои илмию методии омӯзгорону кормандони факултетҳо, кафедраҳо, сохторҳои таркибӣ, омӯзгорони алоҳида ҷиҳати бозсозии раванди таълим ва татбиқи таҳияҳои илмӣ дар ҷараёни таълим; омӯзиши таҷрибаи пешқадами омӯзгорону кормандони факултетҳо, кафедраҳо, омӯзгорони алоҳидаи донишгоҳӣ ва муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ доир ба ташкили раванди корҳои таълимию тарбиявӣ ва татбиқи он тавассути чорабиниҳои илмию методии донишкадавӣ (баргузор кардани конференсияҳо, семинарҳои илмӣ-методӣ, таҳияи маҷмуаи илмӣ-методии донишкадавӣ, хабарномаи методӣ, намоиши эҷодии омӯзгорон); омӯзиш, натиҷагирӣ ва назорати ҷараёни таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, омӯзгорӣ, истеҳсолӣ, илмӣ-технологӣ, илмӣ-истеҳсолӣ, пешаздипломии донишҷӯёну магистрантҳо (назарпурсиҳои сотсиологӣ, анкетагирӣ, конференсияҳои методӣ ва ғ.); таҳияи тавсияҳо оид ба такмили сатҳи тайёрии назариявӣ ва амалии мутахассисони донишкадавӣ ва ғ.
Дар ҳайати Шуро муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим (раис), муовини ректор оид ба илм, директорони Марказҳои илмии назди Донишкада, сардорони раёсатҳои таълим, илм ва навооварии техникӣ, мудирони шуъбаҳои раёсати таълим, котиби Шурои илмию методӣ, раисони Шурои методии факултетҳо ва омӯзгорони соҳибтаҷрибаю навҷӯй аъзо мебошанд.
