Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо ширкати намояндагони ВАО баргузор гардид.
Сараввал ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба фаъолияти донишкада дар шашмоҳаи аввали сол суханронӣ намуда, сипас ба суоли хабарнигорон посух гуфт.
Таъкид карда шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот дар давраи ҳисоботӣ 430 дарси кушод гузаронида шуд, 19 нафар омӯзгорон аз такмили ихтисос гузаштанд.
Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллии донишҷӯён, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, шинохти арзишҳои миллӣ ва тарбияи волои инсонӣ зиёда аз 63 чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ бо ширкати собиқадорону мутахассисони соҳа баргузор намуд.
Ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба варзиш, бурдани тарзи ҳаёти солим шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши Донишкада 18 маротиба мусобиқаҳои варзишӣ баргузор намуд. Ҳамчунин, 43 вохӯриву мулоқот бо донишҷӯён баҳри баланд бардоштани ахлоқу маданият, ташаккулёбии тафаккури солим ва андешаи созанда баргузор карда шуд.
Зимни нишасти матбуотӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ иттилоъ дод, ки имсол Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро 467 нафар хатм намуданд, ки аз ин 92 нафарашон, ки тариқи буҷавӣ таҳсил менамуданд, бо ҷойи корӣ дар 65 корхонаи саноатӣ таъмин карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки донишкада бо зиёда аз 75 корхонаи саноатӣ ҳамкорӣ дорад ва хатмкунандагони ин боргоҳ дар ин корхонаҳо машғули кор мешаванд.
Таъкид намудан зарур аст, ки хатмкунандагони донишкада ба ҷуз аз фаъолият дар корхонаҳои саноатии ватанӣ боз дар коргохонаҳои саноатии ИДМ ҳамчун мутахассис бо дипломи ДКМТ фаъолият менамоянд ва маоши баланд мегиранд. Танҳо дар корхонаи нафту гази “Узбекинвест” зиёда аз 125 нафар хатмкунандагони донишкада фаъолият намудаистодаанд.
Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба солҳои рушди саноат тасмим гирифтааст, ки саҳми хешро дар ин самт бо омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва оқил гузорад ва ҷиҳати омода намудани мутахассисон як қатор корҳоро ба анҷом расонад.
Имсол дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маркази таълимии Тоҷикистону Чин ба фаъолият шурӯъ намуд. Ҳамчунин, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Донишгоҳи нафту гази Ҷумҳурии халқии Хитой шартномаи “2+2”- ро ба тасвиб расонид, ки дар асоси он донишҷӯён ду сол дар донишкадаи мо ва ду сол ройгон дар донишгоҳи Ҷумҳурии халқии Хитой таҳсил намуда, соҳиби диплом мегарданд.
Ёдовар шудан зарур аст, ки дар донишкада системаи дугона ё дуалӣ ҷорӣ карда шудааст, ки дар асоси он донишҷӯён дарсҳои амалии хешро дар зиёда аз 70 корхонаҳои саноатӣ мегузаранд.