Бахши хобгоҳҳо

Фаъолияти бахши хобгоҳҳо

Бахши хобгоҳ сохтори таркибии Донишкада ба ҳисоб рафта, дар таъмин намудани донишҷӯён, магистрантон ва устодону кормандон ба хобгоҳи Донишкада  масъул мебошад.

Бахши хобгоҳи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси қонунгузории амалкунанда, низомнома ва оинномаву қарорҳои Шурои олимони Донишкада, Низомномаи шуъбаи корҳои тарбиявӣ, низомномаи бахши хобгоҳ ва дигар санадҳои меъёрӣ –ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Бахши хобгоҳ дар ҷобаҷогузории донишҷӯён, магистрантон ва устодону кормандони ба хобгоҳ эҳтиёҷдошта, дар мувофиқа бо ректор, Иттифоқи касабаи устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишкада ва Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус, вазифадор аст. Ҳамзамон, дар таъмини тартибу низом ва тарбияи ахлоқию эстетикаи истиқоматкунандагони хобгоҳ бо муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ҳамкорӣ намуда, дар назди раёсати Донишкада ҳисоботдиҳанда мебошад.

Дар назди бахш Шурои донишҷӯёни хобгоҳ ва сохтори он, маҳфили доимамалкунандаи илмӣ – тарбиявии “Шоми хобгоҳ”, маҳфили илмӣ – тарбиявии “Муҳандиси ҷавон”, маҳфили илмӣ – забономӯзии “Забондон”, маҳфили илмӣ – фарҳангии “Ватанпарвар” амал мекунад.

Дар соли ҷорӣ дар хобгоҳи донишҷӯёни рақами 1 як қатор озмуну чорабиниҳо ва барномаву маҳфилҳои илмӣ-эҷодӣ ва фарҳангӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла маҳфили доимамалкунандаи илмӣ – тарбиявии “Шоми хобгоҳ”, “Муҳандиси ҷавон”, семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ахлоқи дуруст-симои инсон” ва ғайра гузаронида шуд.

Кори бахши хобгоҳҳо аз моҳи сентябри соли 2025 хеле ҷоннок гардида, таваҷҷуҳ ба хобгоҳ ва бошандагони он афзуд. Анқариб ҳамарӯза бо ташаббуси раёсати тарбия чорабиниву маҳфилҳо гузаронида мешавад.

Дар хобгоҳ барои гузаронидани чорабиниҳо омӯзгорону кормандони факултетҳо низ фаъол мебошанд.