“Географияи Тоҷикистон бо асосҳои демография” барои донишҷӯён дастрас гардид

“Географияи Тоҷикистон бо асосҳои демография” , ки муаллифонаш Каримова Мадина, Сангинов Мирзосодиқ  ва Усмонзода Б. мебошанд,  ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ расид, дар ин бора ба шуъбаи иттилоот директори китобхона Танжихолова Ш., хабар дод.

“Китоб дар асоси стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ пешбинӣ шудааст. Дар китоби дарсӣ мақсад ва вазифаҳои фанни географияи Тоҷикистон бо асосҳои демография, мавқеи он дар ҷараёни таълим нишон дода шудааст. Инчунин,  матни лексияҳо, саволномаҳо барои корҳои мустақилонаи донишҷӯён бо роҳбарии устод, саволномаҳо барои худомӯзӣ гирд оварда шудаанд.

Китоби таълимии мазкур барои донишҷӯён ва омӯзгорон ҳамчун дастурамал хизмат мекунад.”-омадааст дар пешнависӣ китоби мазкур.

Ин дастури таълимӣ дар матбааи “Меъроҷ” интишор шуда, аз 296 саҳифа иборат мебошад. Китоби мазкур ба китобхонаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон зиёда аз 100 нусха оварда шудааст.

М. Сайидзода